Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости дӯстони Тсарнаев аз додгоҳ


Диас Қодирбоева ва Ҷавҳар Тсарнаев

Дӯстони бомбгузори марафони Бостон дархост кардаанд, ки парвандаи онҳо дар додгоҳи дигар, на дар Массачусетс баррасӣ шавад.

Дӯстони бомбгузори марафони Бостон Ҷавҳар Тсарнаев дархост кардаанд, ки парвандаи онҳо дар берун аз Массачусетс баррасӣ шавад. Вакилони дифои Диас Қодирбоев ба додгоҳи ҳавзавии ИМА ариза навишта дархост кардаанд, ки шахси мавриди ҳимояти онҳо ҳамроҳ бо Азамат Тажаяков ва Робел Филлипос дар додгоҳи дигар муҳокима шаванд. Қаблан шаҳрвандони Қазоқистон Қодирбоев ва Тажаяков худро бегуноҳ эълон карда гуфтанд, ки баъди таркишҳои маргбори 15 апрели соли 2013 ба таври пинҳонӣ лептопи Тсарнаевро аз ҳуҷраи хобгоҳи ӯ нагирифтаанд. Филиппос, ки шаҳрванди ИМА аст, гуфтааст, ки дар ҷараёни бозпурсиҳо дурӯғ нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки вакили дифои Ҷавҳар Тсарнаев ҳафтаи гузашта дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ даъво кардааст, ки зерҳимояи ӯ дар додгоҳи Массачусетс ба таври одилонаву бетарафона муҳокима намешавад. Сабаби инро ӯ дар мудохилаи пайвастаи ҷомеа арзёбӣ кардааст.

10 апрел маълум шуд, ки дар пасманзари ихтилофҳои сиёсии ИМА ва Русия, Маскав аз додани маълумот дар бораи яке аз гумонбарони аслии бомбгузориҳои марафон ба FBI-и Амрико даст кашидааст. Ин маълумот ба ду сол пештар аз бамгузориҳои соли 2013 дар марафони Бостон иртибот мегирад.

Ҷавҳар Тсарнаев шаҳрванди чечентабори Русия барои куштори 3 нафар ва захмӣ кардани 264 нафар муттаҳам дониста мешавад. Бино ба хабарҳо, вай ва бародараш Темирлан Тсарнаев дар ҷараёни марафон бомбаи дастисохтро мунфаҷир кардаанд. Темирлан, бародари Тсарнаев баъд аз ин ҳодиса аз тири корманди пулис ҷон дод.

Рӯзномаи “The New York Times” бо такя ба гузориши чопнашудаи ҳукумати Амрико дар шумораи 9 апрели худ аз қавли як мақоми аршади Аммрико чунин навиштааст: “Онҳо дарёфтаанд, ки Русия ҳамаи маълумотро, ки дар бораи гузаштаи Ҷоҳар дар ихтиёр дошт, надод ва FBI ҳар кореро, ки метавонист анҷом дод”.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG