Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 муҳофиз дар ҳамлае дар канори Киркук


Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос ба як қитъаи интихоботӣ дар шимоли Ироқ даҳ тан аз муҳофизон кушта шуданд. Мақомоти шаҳри Киркук рӯзи 22 апрел хабар доданд, ки ин ҳамла шоми душанбе, яъне, тақрибан як ҳафта пеш аз раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 30 апрел, сурат гирифт.

Ба иттилои хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, афроде, ки ба деҳаи канори шаҳри Киркук ҳамла карданд, дар тан либоси низомӣ доштанд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки бар асари силсилаи ҳамлаҳо дар вилояти Анбор рӯзи душанбе беш аз 30 нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG