Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони ҳошияи Хазар дар Маскав мулоқот мекунанд


Конфронси вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳошияи Дарёии Хазар Русияву Озарбойҷон, Эрону Қазоқистон ва Туркманистон 22 апрел дар Маскав баргузор мешавад. Вазирон масъалаҳои омодагӣ ба мулоқоти чаҳоруми раҳбарони ин кишварҳоро баррасӣ мекунанд.

Мулоқоти раҳбарон бо дархости Владимир Путин тирамоҳи соли 2014 дар шаҳри Астрахан баргузор мешавад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Русия хабар додааст.

Қарор аст дар мулоқоти раҳбарон мақоми ҳуқуқии Дарёи Хазар, масъалаҳои амниятӣ, ҳифз ва истифодаи захоири биологии обӣ ва амсоли он баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG