Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Кобул аз эъдоми афғонҳо дар Эрон


Вазорати умури хориҷии Афғонистон зимни таъйиди эъдоми чаҳор афғон дар Эрон, аз ин амалкарди мақомоти Теҳрон эътироз кардааст.

Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи шанбе дар сӯҳбат бар радиои "Озодӣ" гуфт, ки ин афғонҳо рӯзи сешанбе дар шаҳри Исфаҳон ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир эъдом шудаанд. Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, чандин бор нигаронии ҳукумат ва мардуми Афғонистонро ба мақомоти Эрон расониданд ва ин бор низ аз Ҷумҳурии исломӣ мехоҳад, ки то ҳукми эъдоми афғонҳоро коҳиш диҳад.

Дар ҳамин ҳол, раиси Созмони ҳуқуқи башари Афғонистон эъдоми афғонҳоро дар Эрон маҳкум кардааст. Лаългул Лаъл, раиси ин ниҳоди ҳуқуқи башари Афғонистон дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, "мо на танҳо эъдоми ин шаш нафарро дар Эрон маҳкум мекунем, балки дар гузашта ҳам маҳкум кардаем ва аз ҳукумати ғофили Афғонистон мехоҳем то ба мушкилоти шаҳрвандони Афғонистон расидагӣ кунад ва ҳуқуқашонро дифоъ намояд." Суннатуллоҳ Темру, сухангӯи волии Тахор дар шимоли Афғонистон, ҳам аз эъдоми шаш нафар бошандаи ин вилоят дар Эрон хабар додааст.

Раиси созмони ҳуқуқи башари Афғонистон тақозо кардааст, ки решаи ин мушкил бо ҷиддият баррасӣ шавад. Оқои Лаъл аз Созмони Милали Муттаҳид хост, то масъали эъдоми афғонҳо дар Эронро дар дастури кораш қарор бидиҳад: "Дархости мо мушаххасан аз СММ ва ниҳодҳои дигари байналмилалӣ, ки алайҳи эъдом фаъолият мекунанд, ин аст, ки ба ҳукумати Эрон фишор биоваранд, то аз ин эъдомҳои золимона худдорӣ кунад."

Бар асоси гузоришҳо, дар гузашта ҳам даҳҳо афғон ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Эрон эъдом шудаанд. Эъдомшудагон аз вилоятҳои мухталифи ин кишвар, аз ҷумла аз Ҳирот, Нимрӯз ва Тахор будаанд. Мақомоти афғон қаблан таъйид карда буданд, ки ҳазорон афғон дар Эрон зиндонӣ ҳастанд. Гуфта мешавад, ки аз ин миён садҳо тан ба иртикоби ҷароими вобаста ба қочоқи маводи мухаддир, маҳкум мебошанд.

Шуморе аз ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар таъйид кардаанд, ки ҳаққи дастрасии зиндониёни афғон ба адолат дар Эрон нақз шуда ва онҳо бидуни доштани вакили мудофеъ эъдом шудаанд.
XS
SM
MD
LG