Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Турсунзода ҳукми бозори "Саховат"-ро имрӯз эълон мекунад


Додгоҳи шаҳри Турсунзода ҳукми худро дар мавриди бозори «Саховат»-и Муҳиддин Кабирӣ, ки ба давраи номаълум гузошта буд имрӯз эълон хоҳад кард. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 18-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки имруз додгоҳи иқтисодии Турсунзода ҳам тарафи ҲНИТ ва ҳам ҷониби даъвогарро даъват кардааст ва дар соати 15-00 ҳукми худро эълон хоҳад кард. Интизор мерафт, додгоҳи шаҳри Турсунзода, 15-уми апрел ҳукмаш дар мавриди бозори "Саховат"-ро содир мекард, аммо бо сабабҳои тол ҳол норуш ба таъхи гузошта шуд. Додраси догоҳи шаҳри Турсунзода Муҳаббат Пардаева рӯзи 14-уми апрел зимни мурофеаи додгоҳӣ аз ҷонибҳо хост то ба музокироти додгоҳӣ омода шаванд. Ҷараёне, ки пас аз он догоҳ ҳукми худро дар нисбати парвандаҳо эълон мекунад. Бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода, 55-километрии ғарбии пойтахт ҷойгир буда, соҳибмулки он Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи соҳибмулкон, ҳоло дар бозор 670 соҳибкор ба тиҷорати сару либос ва дигар ашёи мавриди ниёзи мардум машғули кор ҳастанд. Аммо ахиран Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз додгоҳ хостааст, ки «бо сабаби дар вақташ ғайриқонунӣ» хусусӣ кардани ин бозор онро давлатӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG