Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Бодканд 2 кӯдак ҳалок шуда 4 нафараи дигар захмӣ шудааст


Бар асари як таркиш дар наздикии як қисми низомии Бодканди Қирғизистон ду кӯдак ба ҳалокат расида 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Тавре аз дафтари матбуотии Хадамоти марзобонии Қирғизистон ба расонаҳо гуфтаанд, ин ҳодиса рӯзи 17-уми апрел дар наздикии қисми низомии «Коргон»-и марзбонӣ, дар деҳаи Зардолуи вилояти Бодканд рух додаст.

Ба иттилои ниҳоди марзбонии Қирғизистон, ҳангоми инфиҷор 6 кӯдаки аз 4 то 10-солаи ин деҳа дар атрофи маҳалли таркиш бозӣ мекарданд, як нафар дар ҷои ҳодиса ва як нафари дигар дар беморхона ҷони худро аз даст додаанд. 4 кӯдаки дигар ҳоло дар беморхона зери назорати табибон қарор доранд.

«Як гурӯҳи марзбонон бо роҳбарии сардори қисми низомии «Коргон» барои расонидани ёрии тиббии аввалия ва интиқоли онҳо ба беморхона дар ҳол ба ҷои ҳодиса ба деҳаи Зардолу омаданд. Деҳаи Зардолу дар баландии 2000 метр ҷойгир аст ва аз лиҳози дастрасии алоқа маҳдуд аст. Ҳамчунин ағбаи Қара-Белес барои ҳаракати нақлиёт мушкили пеш меорад. Сокинони деҳа ҳамроҳи марзбонон кӯдаконро пиёда то ба нуқтаи тиббии Жопун, ки 12 километр дуртар аст расонданд. Дар ин нуқтаи тиббӣ баъди кӯмаки иловагии тиббӣ ба бемористони марказии Бодканд интиқол доданд», гуфтаанд аз хадамоти марзбонии Қирғизистон. Ба гуфтаи ин манбаъ табибон вазъи саломатии 4 кӯдакро муътадил арзёбӣ кардаанд.

Аммо то ба ҳол ҷузъиёти бештари ин таркишро мақомоти қирғиз иттилоъ надодаанд. Танҳо гуфта мешавад дар ин бора комиссияи махсус ташкил карда ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар деҳаи Зардолу 20 оила зиндагӣ мекардаанд, ки ҳудуди 60 нафарро дар бар мегирад. Дар ин деҳа мактаби миёнаи ибтидоӣ бо фарогирии 25 хонанда фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG