Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дувуми муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар София


Далерҷон Сулаймонов, муштзани тоҷик, дар аввалин қувваозмоияш дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София шикаст хӯрд.

Далерҷон Сулаймонов шоми 17-уми апрел дар рақобатҳо дар вазни беш аз 91 кг дар даври аввал аз Елдос Қодирбоев аз Қазоқистон бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Ин дувумин бохти муштзанҳои ҷавони тоҷик дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа, 14-уми апрел, Умед Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Павел Фёдорови русиягӣ бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, аз шаш муштзани ҷавони тоҷик, ки ба ҳайати мунтахаби кишвар дохиланд, чаҳор нафар барои дарёфти медалҳо ва роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мубориза мебаранд.

Нурмуҳаммади Ашӯралӣ, ки 15-уми апрел дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 56 кг бар Аҳмад Алтинас аз Швейтсария бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд, дар даври баъдӣ имрӯз, 18-уми апрел, бо Тамма Салим аз Алҷазоир рақобат мекунад.

Шаббос Неъматуллоев, ки 16-уми апрел дар даври аввал дар вазни то 69 кг бар Ракан Нассар аз Урдун бо ҳисоби 3-0 ғалаба карда буд, дар даври баъдӣ 19-уми апрел бо Ҷавиер Эстрада аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди рақобат мешавад.

Инчунин имрӯз Меҳрубон Сангинов дар даври аввал дар вазни то 75 кг бо Аҳмад Ал-Маҳдавӣ аз Ироқ қувваозмоӣ мекунад. Меҳроб Иброҳимов нахустин қувваозмоияшро дар вазни то 81 кг 19-уми апрел бо Милос Велетик аз Босния ва Ҳерсеговин анҷом хоҳад дод.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Булғористон то рӯзи 24-уми апрел идома меёбад, теъдоди рекордии варзишгарон - 606 нафар (506 писар ва 100 духтар)аз 105 кишвар ширкат доранд. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад. Ғолибону ҷоизадорон, инчунин онҳое, ки ҷойҳои чорум ва панҷумро мегиранд, соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон мешаванд.
XS
SM
MD
LG