Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дувумин пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар София


Шаббос Неъматуллоев, муштзани тоҷик, дар аввалин қувваозмоияш дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София ғолиб омад.

Шаббос Неъматуллоев шоми 16-уми апрел дар даври аввал бар Ракан Нассар аз Урдун аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 3-0 ғалаба кард. Ин дувумин пирӯзии муштзанҳои ҷавони тоҷик дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Шаббос дар даври баъдӣ 19-уми апрел бо Ҷавиер Эстрада аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди рақобат мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Нурмуҳаммади Ашӯралӣ 15-уми апрел дар нахустин қувваозмоияш бар Аҳмад Алтинас аз Швейтсария аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд. Муштзани тоҷик дар даври баъдӣ рӯзи 18-уми апрел бо Тамма Салим аз Алҷазоир рақобат мекунад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш муштзани ҷавон – Умед Ёқубов (- 52 кг, Нурмуҳаммади Ашӯралӣ (-56 кг), Шаббос Неъматуллоев (- 69 кг), Меҳрубон Сангинов (- 75 кг), Меҳроб Иброҳимов (-81 кг) ва Далерҷон Сулаймонов (+91 кг) - дохиланд.

Вале Умед Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар рӯзи аввали мусобиқа, 14-уми апрел, дар нахустин қувваозмоияш аз Павел Фёдорови русиягӣ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум гашт.

Далерҷон Сулаймонов 17-уми апрел бо Елдоз Қодирбоев аз Қазоқистон ва Меҳрубон Сангинов 18-уми апрел бо Аҳмад Ал-Маҳдавӣ аз Ироқ қувваозмоӣ мекунанд. Меҳроб Иброҳимов 19-уми апрел бо Милос Велетик аз Босния ва Ҳерсеговин ба рақобат шурӯъ хоҳад кард.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Булғористон то рӯзи 24-уми апрел идома меёбад, теъдоди рекордии варзишгарон - 606 нафар (506 писар ва 100 духтар)аз 105 кишвар ширкат доранд. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад. Ғолибону ҷоизадорон, инчунин онҳое, ки ҷойҳои чорум ва панҷумро мегиранд, соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон мешаванд.
XS
SM
MD
LG