Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар София


Нурмуҳаммади Ашӯралӣ, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София дар даври аввал пирӯз шуд.

Нурмуҳаммади Ашӯралӣ шоми 15-уми апрел дар нахустин қувваозмоияш бар Аҳмад Алтинас аз Швейтсария аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Муштзани тоҷик дар даври баъдӣ рӯзи 18-уми апрел бо Тамма Салим аз Алҷазоир, ки дар даври аввал бар Моҳд Ҳорун Ишақзай аз Афғонистон бо ҳисоби 3-0 дастболо шуд, рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ муштзани ҷавон – Умед Ёқубов (- 52 кг, Нурмуҳаммади Ашӯралӣ (-56 кг), Шаббос Неъматуллоев (- 69 кг), Меҳрубон Сангинов (- 75 кг) ва Меҳроб Иброҳимов (-81 кг) - дохиланд.

Умед Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар рӯзи аввали мусобиқа, 14-уми апрел, дар нахустин қувваозмоияш аз Павел Фёдорови русиягӣ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум гашт.

Шаббос Неъматуллоев имрӯз, 16-уми апрел, бо Ракан Нассар аз Урдун вориди рақобат мешавад. Меҳрубон Сангинов рӯзи панҷшанбе, 18-уми апрел, бо Аҳмад Ал-Маҳдавӣ аз Ироқ қувваозмоӣ мекунад. Меҳроб Иброҳимов рӯзи шанбе, 19-уми апрел, бо Милос Велетик аз Босния ва Ҳерсеговин ба рақобат шурӯъ хоҳад кард.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Булғористон то рӯзи 24-уми апрел идома меёбад, теъдоди рекордии варзишгарон - 606 нафар (506 писар ва 100 духтар)аз 105 кишвар ширкат доранд. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад. Ғолибону ҷоизадорон, инчунин онҳое, ки ҷойҳои чорум ва панҷумро мегиранд, соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон мешаванд.
XS
SM
MD
LG