Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми Карзай аз ҳалокати мардуми осоишта дар ҳамлаи НАТО


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи чоршанбе, 16 апрел, аз ҳалокати мардуми осоиштаи вилояти Хуст бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоӣ изҳори хашму танаффур кард. Дар ин ҳамла, ки рӯзи 14 апрел сурат гирифт, як зан ва ду кӯдак ба ҳалокат расиданд. Сарвари Афғонистон ҳамларо нақзи созишҳои миёни ду кишвар ҳосилшуда номид.

Ҳайати фармондеҳии НАТО дар Афғонистон изҳор намуд, ки ин ҳодисаро тафтиш мекунад.

Талафоти мардуми осоишта бар асари амалиёти низомии сарбозони НАТО алайҳи ҷангҷӯён боиси ихтилофи назар миёни Кобул ва нерӯҳои байнулмилалӣ шудааст. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ба ҳамин хотир Ҳомид Карзай аз имзои созишномаи амниятӣ миёни ИМА ва Афғонистон, ки ба ҳузури низомиёни амрикоӣ баъд аз анҷоми рисолаташон дар поёни соли равон иҷоза медиҳад, худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG