Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силоҳу "камуфляж" ба артиши ҷорӯбкашу сохтмончӣ


Федератсияи муҳоҷирони Русия аз номи муҳоҷирони корӣ ба Путин итминон додааст, ки бисёре аз шаҳрвандони хориҷии муқими Русия омодаанд бо силоҳ аз қаламрави Русия ҳимоят кунанд.

Муҳаммад Амин Маҷумер, раҳбари ин федератсия дар номаи худ таъкид кардааст, ки барои хидмат то ҳоло тақрибан 100 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ омодагӣ нишон додаанд. Вай дар дархости худ аз номи муҳоҷирон навиштааст, ки “фишори таҷовузкоронаи Ғарб ба маҳофили ҷаҳонӣ, ки мехоҳад тасаллути худро аз роҳи фишор дар ҷаҳон таҳким бахшад”, муҳоҷирони хориҷии муқими Русияро нигарон кардааст.

Муҳаммад Амин дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки “муҳоҷирон наметавонанд ба рӯйдодҳои атроф мисли нозир наззора кунанд, балки омодаанд, дар паҳлӯи нируҳои интизомии Русия аз манофеи Русия дар ҳар нуқтаи ҷаҳон дифоъ намоянд”. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз вай пурсидам, чаро федератсияи онҳо номаи худро ба нишонии Владимир Путин фиристодааст?

Муҳаммад Амин афзуд: “Ҷаноби Путин фармондеҳи кулли нируҳои Русия мебошад. Вай дар бораи ҳар масъала тасмим мегирад. Вай метавонад дар бораи ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба хидмати аскарӣ сухани ниҳоиро бигӯяд. Сипас ин ибтикор ба вазорати дифоъ ва Думаи Давлатӣ фиристода мешавад ва онҳо ба қонун иловаҳо таҳия мекунанд, агар фармондеҳи кулли нируҳо бигӯяд, ки чунин кор зарур аст.” Муҳаммад Амин умедвор аст, ки ба муроҷиати онҳо ҳафтаи оянда ҷавоб хоҳанд дод, бо вуҷуди он ки номаҳо ва ҳар гуна муроҷиат дар давоми як моҳ баррасӣ ва ба он посух дода мешавад.

Вале Досим Саптаев-сиёсатшиноси қазоқ дар Алмаато ба хидмати ҷавонони кишварҳои муштаракулманофеъ дар артиши Русия хушбин нест ва мегӯяд, ки солҳои ахир дар Русия бегонаситезӣ авҷ гирифтааст ва шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии пешин дар байни аҳолии маҳаллӣ таҳқир мешаванд: “Мутаасcифона, набояд фаромӯш кард, ки мо солҳои ахир дар Русия зиддиятҳои байниқавмӣ ва беэҳтиромӣ ба муҳоҷирони корӣ ва бо мардуми омадаро мушоҳида мекунем. Маълум аст, ки агар ҷавонони кишварҳои бегона дар артиши Русия пайдо шаванд, ба вижа ҷавонони кишварҳои Шӯравии пешин, дар он сурат мумкин аст дар дохили нируҳои мусаллаҳ муноқишаҳои ҷиддӣ сар занад. Ман фикр мекунам, ки ин ҳам яке аз омилҳои муҳим аст ва раҳбарияти Русия ин ҷиҳатҳоро ҳам дар назар хоҳад гирифт, ки чунин пешниҳодҳоро қабул кунад ё накунад”.
Маҳмадалӣ Ватанов
Маҳмадалӣ Ватанов
Дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин Русия танҳо бо Тоҷикистон қарордоди душаҳрвандӣ дорад, вале хидамти ҳатмии ҷавони тоҷикистонӣ дар артиши Русия тибқи қонунҳои ин ду кишвар пешбинӣ нашудааст. Муҳаммадалӣ Ватанов- раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки бар асоси қонунҳои мавҷуда шаҳрванди як кишвар наметавонад дар артиши кишвари дигар хидмат кунад: “Давлате, ки мехоҳад пояҳои мустаҳкам дошта бошад, ҳеҷ вақт хориҷиёнро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи худаш роҳ намедиҳад, албатта одамонеро, ки шаҳрвандӣ надоранд. Агар шаҳрванди он давлат бошад, новобаста ба миллат бояд вай дар артиши он кишвар хидмат кунад”.

Бо назардошти чунин муқаррарот, ҳоло баъзе хонаводаҳо фарзандони худро ба муҳоҷирати корӣ мефиристанд ва медонанд, ки бо вуҷуди синни аскарӣ онҳоро дар Русия ба хидмат ҷалб намекунанд. Аммо Русия хидмати қарордодии шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии пешинро истисно намедонад. Ба ин далел шаҳрвандони Тоҷикистон низ метавонанд ихтиёран чун шаҳрвандони кишварҳои дигари Шӯравии пешин бар асоси қарордод дар артиши Русия хидмат кунанд. Чунин хидмати қарордодӣ ҳоло дар қаламрави худи Тоҷикистон дар таркиби пойгоҳи низомии 201 Русия мушоҳида мешавад. Ҷавонони тоҷик онро яке аз роҳҳои даромад ва пешбурди зиндагӣ медонанд. Онҳо ҳамзамон ҳаққи дарёфти шаҳрвандии Русияро низ пайдо мекунанд.

Дар дохили Русия низ хидмати қарордодӣ мушоҳида мешавад. Андрей Солдатов-коршиноси умури низомии Русия мегӯяд, ки тақрибан ду сол пеш дар вилояти Ленинград як воҳиди сарбозони қарордодӣ аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои мушатаркулманофеъ ташкил шуда буд ва чунин хидмат усулан имкон дорад. Ба гуфтаи Андрей Солдатов, Русия ҳоло ба масъалаҳои демографӣ рӯ ба рӯ шудааст ва шояд барои артиши ин кишвар ҷавононе заруранд, ки дар артиш хидмат кунад. Вай ин нуктаро истисно намедонад, ки шояд ин ибтикори Федератсияи муҳоҷирони Русия дар бораи хидмати хориҷиён дар артиш аз доираҳои расмии Русия бармеояд, на аз Федератсияи муҳоҷирони Русия.

Андрей Соддатов мегӯяд, чанд сол пеш ин ибтикорро бори аввал Владимр Путин ба миён ниҳода буд ва ишора карда буд, ки имкони ҷалби шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ ба хидмати аскарӣ вуҷуд дорад ва онҳо баъд аз хидмат метавонанд ба дарёфти шаҳрвандии Русия умед банданд: “Ибтикор буд ва он дарвоқеъ аз ҷониби Путин садо дода буд, ки бояд аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ сарбоз гирифт, то ин сарбозон минбаъд битавонанд ба шаҳрвандии Русия умед банданд. Пешниҳод ин буд, ки онҳо забони русиро бояд донанд ва маълумоти миёна дошта бошанд. Сипас, агар онҳо хидматро идома диҳанд, албатта он вақт сухан дар бораи панҷ соли хидмат матраҳ буд, дар он сурат онҳо ҳақи дарёфти шаҳрвандӣ пайдо мекунанд”.
Муҳоҷирони корӣ дар Русия
Муҳоҷирони корӣ дар Русия
Солдатов меафзояд, барои Ҷумҳурии мухтори Карелия барномае ба тасвиб расида буд ва ба ин ҷумҳурӣ иҷоза дода буданд, ки сарбозони қарордодӣ дар бригадаи пиёданизоми ин минтақа хидмат кунанд. Аз соли 2005 чунин навъи хидмат дар ду бригадаи ҳавзаи ҳарбии вилояти Ленинград низ вуҷуд дорад. Ба ақидаи оқои Солдатов, чунин навъи сарбозгирӣ дар кишварҳои хориҷӣ натиҷаи дилхоҳ додааст.

​Коршиносон бар ин ақидаанд, ки агар шаҳрванди хориҷӣ ҷои кори доимӣ надошта бошад, беҳтар аст, ки ихтиёрӣ ба хидмати аскарӣ равад ва баъд аз ду соли хидмат шаҳрвандии Русияро ба даст орад, дар сурате, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти шаҳрвандӣ 5 сол бояд дар Русия кору зиндагӣ кунанд.
Дар кишварҳои Ғарбӣ, аз ҷумла дар Фаронсаву Британия ва Амрико низ хидмати қарордодии шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд дорад.

Абдумаҷид Сурхаков, ҳуқуқдони тоҷики муқими Маскав мегӯяд, агар хидмати ихтиёрии қарордодиро сарфи назар кунем, дар Русия заминаҳои қонунии хидмати ҳатмӣ вуҷуд надорад: “Мувофиқи қонунгузории имрӯза ба хидмат гирифтани шаҳрванди хориҷие, ки муваққатан дар Русия кору зиндагӣ мекунад, ғайриимкон аст. Пеш аз он, ки ин пешниҳоди онҳоро ба инобат гиранд, бояд ҳукумати Русия дар қонунҳои худ дар бораи хидмати аскарӣ тағйироту иловаҳо пешниҳод кунад, то заминаҳои қонунӣ ба вуҷуд ояд. То имрӯз чунин тағйирот вуҷуд надорад ва иҷрои пешниҳоди Федератсияи муҳоҷирони Русия ғайриимкон аст”.

Вале агар шаҳрванди кишвари дигар шаҳрвандии Русияро қабул карда бошад, бо вуҷуди ин ки дар кишвари худаш хидмати аскариро гузаштааст, тибқи иловаи соли 2013 дар қонуни Русия бори дигар дар қаламрави ин кишвар ба хидмати аскарӣ даъват мешавад. Чун ин қонун дар Исроил низ вуҷуд дорад ва ҷавононе, ки дар Шӯравии пешин дар артиш хидмат карда буданд, баъди пазируфтани шаҳрвандӣ бори дигар дар Исроил ба хидмат даъват шуданд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG