Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик ба Русия рафтанд


Имрӯз, сешанбе, 15-уми апрел, чанде аз вакилони парлумони Тоҷикистон бо роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петребурги Русия сафар карданд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳаш ба манзури ширкат дарнишасти навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, форуми байналмилалй «Дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё» ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кардааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Султонов, дар ин сафар раиси Маҷлиси Намояндагонро, раисони кумитаҳои палатаи поёнии порлумон - Убайдулло Давлатов, Амиркул Азимов, Олимҷон Салимзода, раиси комиссияи Мачлиси намояндагон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода, вакилон Исмоил Талбаков, Саодат Амиршоева, Мунавара Кенҷаева ва Сӯҳроб Шарипов ва ҳамчунин аъзоёни Маҷлиси миллӣ - Қаҳҳор Маҳкамов ва Иброҳими Абдуллозода ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG