Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо ширкати 10 кишвар


Ҷашнвораи IV-и байналмиллалии тетрҳои лухтак «Чодари Хаёл» ба кори худ шуруъ кард. Аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон имрӯз, 15-уми апрел хабар доданд, ки IV-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо ташаббуси ин вазорат ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кӯшод» рӯзи 15-уми апрел расман ифтитоҳ ёфта то 22-уми апрели соли 2014 дар шаҳри шаҳри Душанбе идома меёбад. Дар ин ҷашнвора ба ғайр аз Тоҷикистон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Испания, Эрон, Озарбойҷон, Белорусия, Туркия ва Фаронса ширкат мекунанд. Тоҷикистонро дар ҷашнвораи «Чодари хаёл» Театри лӯхтаки шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо намоишномаи «Донаяки сеҳрнок»-и М.Осипова дар таҳияи Н.Аҳмадова намоянадагӣ мекунад. Намоишномаҳо дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» аз 16 то 22 апрел дар тетри лухтаки шаҳр Душанбе пешкаши тамошобинон мегардад.
XS
SM
MD
LG