Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи "Боинг 777"-и нопадидшуда дар уқёнуси Ҳинд


Нахуствазири Австралия, ки ба амалиёти ҷустуҷӯии ҳавопаймои Малайзия раҳбарӣ мекунад гуфтааст, ба бовари ӯ сигналҳои қаъри уқёнус аз сандуқи сиёҳи Боинг 777 бадар мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, нахуствазири Австралия гуфтааст, онҳо доираи ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшударо мутамарказ кардаанд ва итминони зиёде доранд, ки сигналҳои дарёфтшуда аз сандуқи сиёҳи ҳавопаймо аст.

Нахуствазири Австралия, ки ҳоло дар Чин қарор дорад, дар шарҳи навиштаи бархе аз хабаргузориҳо, ки гуфтаанд, сигналҳо дар ҳоли гум шудан ҳастанд, гуфтааст, умедвор аст, ки сигналҳои то ҳол дастрасшуда ба қазияи суқути ҳавопаймо рӯшанӣ андозанд.

Батареяи сандуқи сиёҳ, агар осеби ҷиддӣ надида бошад, маъмулан метавонад то як моҳ аз вуҷуди худ дарак бидиҳад. Ин дастгоҳи сабт ва ҳифзи иттилооти дохили ҳавопаймо ба сурати худкор сигналҳоеро ба муддати маҳдуд ирсол мекунанд.




Боинг-777, ки ҳамроҳ бо 339 нафар аз пойтахти Малайзия ба Пекин парвоз мекард, беш аз як моҳ мешавад, ки нопадид аст. Сабаби нопадид шудани ин ҳавопаймо, ки ҷустуҷӯ он дар масири комилан мухолиф бо масири аслии он дар ҷануби уқёнуси Ҳинд идома дорад, ҳанӯз мушаххас нест. Пайдо кардани сандуқи сиёҳ муҳимтарин қадам барои пай бурдан ба ин --- яке аз асроромезтарин ҳодисаҳои ҳавоии ҷаҳон аст.

Нахуствазири Австралия гуфтааст, то замоне, ки охирин иттилоотро дар ихтиёри раиси ҷумҳури Чин нагузорад, наметавонад ҷузъиёти бештарро дар мавриди ёфтаҳои тозаи амалиёт ироа кунад.

Душанбеи 7-уми апрел баъди он, ки сигналҳое ҷудо аз ҳам, ки эҳтимолан аз сандуқи сиёҳи ҳавопаймои нопадидшудаи Малайзия дар уқёнуси Ҳинд ирсол шудаанд, чандин ҳавопаймо ва киштӣ ба умеди ёфтани он роҳии маҳалли эҳтимолии садама шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG