Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоторҳои Қрим хостори ташкили минтақаи мухтор шуданд


Нишасти ғайринавбатии Қурултой ё Анҷумани тоторҳои Қрим дар шаҳри Боғчасарой қарор “Дар бораи ҳаққи худмуайянсозии тоторҳо дар қаламрави таърихияшон – Қрим”-ро қабул кард. Раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим Рифъат Чубаров изҳор намуд, ки раванди таъсиси минтақаи мухтори тоторҳо дар қаламрави Қрим шурӯъ шудааст.

Вакилони Қурултой аз СММ, Шӯрои Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ хостанд, ки аз ҳуқуқҳои онҳо барои таъсиси як минтақаи худмухтор дар Қрим ҳимоят кунанд.

Мақомоти Симферопол ва Маскав ба ин тасмим ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Дар раъйпурсӣ дар Қрим рӯзи 16 март, ба иттилои расмӣ, аксари мардум аз пайвастани нимҷазира ба ҳайати Русия ҷонибдорӣ карданд. Тоторҳои Қрим ин раъйпурсиро таҳрим карда буданд. Мақомоти Украина гуфтанд, ки раъйдиҳӣ ғайриқонунӣ буд ва Киев ҳеҷ гоҳ мустақилияти Қрим ва пайвастанаш ба Русияро эътироф нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG