Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Ворух-Исфараро боз карданд


Арстан Усанов-раиси пулиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба матбуот гуфтааст, ки роҳи автомобилрави миёни Ворух-Исфара барои рафту омади нақлиёт боз шудааст.

Ба гуфтаи вай, шабона баъд аз музокироти тулонӣ дар Оқсой роҳро боз кардаанд ва кормандони пулиси Қирғизистон назоратро дар ин деҳаи марзӣ идома медиҳанд, то миёни аҳолии марзии Тоҷикистону Қирғизистон ихтилоф рух надиҳад.

Рӯзи панҷшанбе 40 нафар сокинони деҳаи Оқсой роҳи байни Ворух-Исфараро баста буданд. Ҷониби Тоҷикистон трактори роҳсозро иҷозаи гузаштан надод ва сокинони ҷониби Қирғизистон роҳро бастанд.

Баъд аз гузаштани трактор ҳоло роҳ боз шудааст. Вале посгоҳҳои марзиву гумрукии миёни ду кишвар дар марз ҳамчунон баста аст.
XS
SM
MD
LG