Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии соҳибкорони Фархор дар пайи боло рафтани нархи ҷой


Беш аз 50 соҳибкор ва фурӯшандаҳои дӯконҳои либосвории бозори марказии Фархор, ҷануби Тоҷикистон пас аз гарон шудани пули чек ва патенти бозор дар назди ҳукумати ноҳия ҷамъ шуданд ва пас аз мулоқот бо намояндагони ҳукумати ноҳия ба дӯконҳои худ баргаштанд.

Гулнисо Амиралиева, як соҳибкори қисмати либосвории бозори марказии Фархор рӯзи 12-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 11-уми март баъди он ки нархи чеки ҷои дӯконҳо, ки ҳамарӯза пардохта мешавад, аз 4 ба 10 сомонӣ расонда шуд ва ҳеҷ масъули бозор сабаби инро шарҳ надод, соҳибкорон маҷбур соати 15 ба назди ҳукумати ноҳия омаданд.

Гулнисо меафзояд, ки нозирони бозор саҳари сешанбе омада, фақат «чеки ҷой» барои либосу матоъфурӯшони бозорро боло бурдаанд ва ба қисмати маводи хӯроквории бозор ҳанӯз кордор нашудаанд.

«Як намояндаи ҳукумат ба назди мо баромаду гуфт, ки масъулони бозорро даъват намуда сабаби аслии мушкил дар кори бозорро ҳал мекунанд. Имрӯз мо интизори ҳалли ин масъала ҳастем, ҳоло ҳама дар дӯконҳои худ нишастаанд», - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Як намояндаи дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Фархор, ки овардани номашро зарур нашуморид, ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат соҳибкорон ва соҳибони дӯконҳои бозори марказии Фархор дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шуданд ва раиси ноҳия Раъно Мирзоева чанд нафари соҳибкоронро қабул кард ва масъалаи ба миён омадаро баррасӣ карданд.

Намояндаи дастгоҳи ҳукмати ноҳияи Фархор мегӯяд, ки масъалаи аслӣ на боло бурдани нархи чек аст, балки масъалаи азнавсозии худи бозор аст.

Вай мегӯяд, тоҷири тоҷик Диловар Муҳиддинов, ки феълан дар Маскав фаъолият мекунад, ин бозорро аз соҳиби пешинаш харидорӣ кардааст ва мехоҳад дар маҳалли ин бозор фурӯшгоҳи дуошёна ва сеошёна сохта, низоми кори бозорро ба маҷрои дурусттар ворид кунад. Аммо аксари соҳибкороне, ки мағоза ва фурӯшгоҳҳоро хусусӣ кардаанд, намехоҳанд аз дӯконҳои худ маҳрум шаванд ва маҳз ҳамин соҳибкорон ва наздикони онҳоро дар назди ҳукумат тайи ду рӯз ҷамъ овард ва онҳо талаб карданд, ки ҳукумати ноҳия масъалаи сарнавишти дӯконҳои онҳо ва ҷуброни ин дӯконҳо, дар сурати тахриби онҳо аз сӯи молики нави бозорро шарҳ диҳад.

Ҳамсӯҳбати мо зикр кард, ки феълан бозор фаъол аст ва дар рӯзҳои наздик масъалаи сохтмони бинои бозор ва масъалаи соҳибони мағозаҳо роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт.

Тоҷирон аммо мегӯянд, молики нави бозор бо баҳонаи боло рафтани андоз ва пардохтҳои дигар пули чекро боло бурдааст.
XS
SM
MD
LG