Хабаргузории Франс-пресс гузориш дод, ин ҳавопаймо бо 239 мусофир ба самти Пекин --пойтахти Чин дар ҳаракат буд, ки аз соати 2:40 дақиқаи бомдоди шанбе ба вақти маҳаллии он кишвар, нопадид шудааст. Қарор буд ҳавопаймо соати 6:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар Пекин фуруд меомад.
Ба иттилои хабаргузориҳо, ин ҳавопаймо дар фазои Ветнам тамоси худ бо маркази назоратро аз даст додааст. Гуфта мешавад, охирин тамоси халабонон бо марказ замони парвози он дар ҷазираи Са-Мау дар Ветнам будааст.
Мақомоти ширкати ҳавонавардии Малайзия гуфтаанд, ки мусофирон шаҳрвандони 14 кишвар будаанд, ки дар миёни онҳо 151 чинӣ, 38 малайзӣ, 12 нафар аз Индонезия ва ҳафт тан аз Австралия мебошанд.
Тамос бо ҳавопаймо ду соат баъд аз парвоз аз пойхти Малайзия сурат гирифтааст. Хабаргузориҳои Чин гузориш додаанд, ки ҳавопаймо вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар нашуда ва бо маркази назорати парвозҳои ин кишвар дар тамос набудааст. Аммо мақомоти Ветнам гуфтаанд, ки ин ҳавопаймо барои як муддати кӯтоҳ вориди ҳарими ҳавоии он кишвар шуда, баъдан иртиботашро қатъ кардааст.
Шарҳҳоро бинед (1)
Боз кардани шарҳи бештар