Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати яксоатаи Путин ва Обама дар бораи Украина


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугӯи телефонии яксоата бо Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, барои ҳалли бӯҳрони нимҷазираи Қрим роҳҳои дипломатӣ вуҷуд дорад.

Ӯ пешниҳодҳои Амрико дар ин мавридро бо Владимир Путин матраҳ кардааст.
Бино бар баёнияи Қасри Сафед, роҳҳое барои ҳалли масъала аз тариқи дипломатӣ ва ба шакле, ки ҳам манфиатҳои Русия, ҳам Украина ва ҳам ҷомеаи байналмилалиро дар бар бигирад, вуҷуд дорад.

Барои намуна --бахше аз роҳи ҳал бино бар он чи дар баёнияи Кохи Сафед мунташир шуда -- давлатҳои Украина ва Русия бо кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гуфтугӯҳои мустақим рӯй оварда, нозирони байналмилалӣ бовар ҳосил кунанд, ки ба ҳуқуқи мардуми Украина, аз ҷумла русзабонҳо эҳтиром гузошта мешавад, нерӯҳои русӣ ба пойгоҳҳои худ боз мегарданд, аъзои ҷомеаи байналмилалӣ бо кӯмаки якдигар ба мардуми Украина дар ҳоле, ки барои интихоботи моҳи май омода мешаванд, кӯмак мекунанд.

Дар ин муколама Барак Обама гуфтааст, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ба гуфтугӯҳояш бо ҳамтои руси худ, давлати Украина ва ҳампаймонҳои байналмилалӣ дар рӯзҳои оянда идома хоҳад дод, то пешрафтҳое ҳосил шавад. Раиси ҷумҳури Амрико дар айни ҳол таъкид кардааст, амалкарди Русия нақзи тамомияти арзӣ ва ҳаққи ҳокимияти Украина аст, ки сабаби вокуниши Амрико ва кишварҳои аврупоӣ шудааст.

Киев ба Русия "пайвастан"-и Қримро "ғайриқонунӣ" номид

Русия низ мегӯяд, дар ин гуфтугӯи яксоата, Владимир Путин бо ҳамтои амрикоии худ дар мавриди "вазъияти хатарнок"-и Украина сӯҳбат кардааст. Дар баёнияе, ки Кохи Кремлин дар ин маврид содир кардааст, омада ки робитаҳо набояд ба хотири масъалаи Украин садама бинанд. Дар ин баёния омадааст, раиси ҷумҳури Русия дар мавриди аҳамияти робитаҳои Амрико ва Русия барои барқарории амният ва субот дар ҷаҳон таъкид кардааст.

Ба гуфтаи Путин, раҳбарони феълии Украина аз роҳи табаддулот ва аз роҳе, ки бо Қонуни асосии он кишвар мухолифат мекунад, ба қудрат расиданд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, ин ҳукумат тасмимҳои худро бар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубии Украина дикта мекунад. Ишораи Владимир Путин ба минтақаҳое аз Украина аст, ки ақаллиятҳои рус ё русзабонҳо дар онҳо сокин ҳастанд ё бахши бузурге аз шаҳрвандони онҳоро ташкил медиҳанд.

Рӯзи чаҳоршҳанбе Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии ӯ дар Порис ва сипас рӯзи панҷшанбе дар Рум дидор ва дар мавриди бӯҳрони Украина гуфтугӯ кардаанд.

Парлумони нимҷазираи худмухтори Қрими Украина эълом кардааст, ки дар он минтақа барои пайвастан ба хоки Русия ҳамапурсӣ баргузор мешавад. Ҷон Керрӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, ин иқдом бар хилофи Қонуни асосии Украина аст ва агар ҳам қарор аст ҳамапурсӣ сурат бигирад, ҳама мардуми Украина дар он иштирок кунанд ва дар бораи Қрим назар бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG