Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба русзабонон дар се моҳ шаҳрвандӣ медиҳад


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Рӯзи панҷшанбе Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия гуфт, ки ҳукумати ин кишвар корро барои соддатар кардани дарёфти шаҳрвандии Русия барои русзабонони кишварҳои Шӯравии пешин идома медиҳад. Медведев гуфт, ин гуна афрод метавонанд бидуни доштани ҳақи доимии зист дар Русия, соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.

Ба гуфтаи Медведев, ба ононе бартарӣ дода мешавад, ки таҳсилкарда ҳастанд ва дорои ихтисос мебошанд. Ҳоло як кумиссиюни вижа бо ононе, ки дорои чунин меъёр мебошанд, мусоҳибаҳои имтиҳонӣ анҷом медиҳад. Медведев мегӯяд, ба чунин афрод дар давоми се моҳ шаҳрвандӣ дода мешавад ва онҳо метавонанд барои зист ба Русия оянд.

Ин суханони Медведев дар ҳоле садо медиҳад, ки нируҳои Русия ишғоли нимҷазираи Қримро дар Украина идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG