Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакпулии шаҳрдори Душанбе ба роҳрӯбҳо


Шаҳрдори Душанбе ба ифтихори Рӯзи модарон - 8-уми март ва фарорасии ҷашни Наврӯз ба занони роҳрӯб - кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе мукофотпулии якдафъаина тақдим кардааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи 6-уми март ба озодӣ гуфт, ки «ин навбат барои қадргардонии 2131 нафар занони роҳрӯб тибқи қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳр 1 миллион 65 ҳазору 500 сомонӣ бо дарназардошти ба ҳар кадоме 500 сомонӣ ҷудо карда шуд.»

Ба гуфтаи Саидов кӯмаки молиявии мазкур аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ нимаи аввали имрӯз 6 март дар расми тантанавӣ ба роҳрӯбони роҳҳои ноҳияҳои шаҳр тақдим карда мешаванд.

Давоми соли ҷорӣ бори дувум аст, ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе ба роҳрӯбҳои шаҳр кӯмакпулӣ дода мешавад. Бори аввал 6-уми феврал аз ҷониби шаҳрдорӣ ба 400 нафар роҳрӯб ба маблағи 1000 сомонӣ ба ҳар як роҳрӯб тақдим карда шуд. Гуфта мешуд ин кӯмакпулӣ барои фаъолияти роҳрӯбҳо дар сардиҳои тоқатфарсои зимистон буд.
XS
SM
MD
LG