Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турчинов дар мавриди Қрим ба оромӣ даъват кард


Олександр Турчинов-раиси ҷумҳури муваққати Украина
Олександр Турчинов-раиси ҷумҳури муваққати Украина
Олександр Турчинов-иҷрокунандаи мақоми раёсати ҷумҳурӣ дархост кард, ки баъд аз ба тасарруфи худ даровардани биноҳои порламон ва ҳукумати маҳалии Қрим дар шаҳри Симферопол аз тарафи мардони мусаллаҳи номаълум мардум оромиро риоят кунанд. Ин афроди мусаллаҳи номаълум ҳамчунин парчамҳои Русияро дар болои ин ду бино насб кардаанд.

Олександр Турчинов ғасби ин ду бино дар маркази Симферополро маҳкум кард ва онро кори “ҷиноятпешагони низомӣ” номид. Вай ҳамчунин Русияро бар зидди “таҷовузи низомӣ” ба Қрим ҳушдор дод.

То ин лаҳзаҳо маълум нест, ки ин биноҳоро кадом нируҳо ғасб кардаанд. Анатолий Моҳилёв-нахуствазири Қрим мегӯяд, ки як гурӯҳи 50 нафарии мусаллаҳ ин биноҳоро ба тасарруфи худ даровардаанд ва то ҳол ҳеҷ пешниҳод ё тақозое матраҳ накардаанд.
XS
SM
MD
LG