Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи рафъи бӯҳрони Украина ва озодии Тимошенко


Полиси украин майдони рӯбарӯи бинои порлумонро тарк мекунад.
Полиси украин майдони рӯбарӯи бинои порлумонро тарк мекунад.

Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ва сарони мухолифон созишномаи рафъи бӯҳронро имзо карданд. Порлумони Украина қонуни асосии соли 2004ро барқарор ва сарвазири пешин Юлия Тимошенкоро озод кард.

Раисҷумҳури Украина Виктор Янукович ва сарони мухолифон ба созишномае имзо гузоштанд, ки бояд, оромиро дар кишвараш барқарор ва бӯҳрони хунини сиёсиро бартараф мекунад. Бӯҳронеро, ки дар натиҷаи он зиёда аз 80 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд.

Созишномаи Янукович ва мухолифонаш рӯзи ҷумъа дар кохи раёсатҷумҳурии Украина дар Киев ба имзо расид. Имзои он баъд аз нашри изҳороти Раисҷумҳури Украина Виктор Янукович сурат гирифт. Дар ин изҳорот Янукович гуфт, дар Украина интихоботи зудҳангоми президентӣ баргузор мешавад. Вай таърихи дақиқи баргузории интихоботро зикр накард.

Вазирони умури хориҷии Олмон ва Лаҳистон ё Полша гуфтанд, шӯрое, ки аз тазоҳуркунандагони украин намояндагӣ мекунад, ба пешниҳодҳои раисиҷумҳур розӣ шудааст. Аммо дар миёни тазоҳуркунандагон онҳое низ зиёданд, ки ба ин тасмим мухолифанд. Онҳо мегӯянд, “набояд бо Янукович гуфтушунид кард ва роҳ танҳо яктост, ки барои эълони ҷанг бо мардуми украин ӯ бояд истеъфо диҳад.”

Янукович, ки дар соли 2010 барои як давраи панҷсола раисиҷумҳур интихоб шудааст, ҳамчунин гуфт, раванди ташкили Ҳукумати ваҳдати миллиро оғоз мениҳад ва қонуни асосии соли 2004-ро, ки бино бар он президент салоҳиятҳои маҳдуде дорад, барқарор мекунад. Шоми ҷумъа порлумони Украина бо аксарияти раъйҳо сарқонуни қаблиро ба тасвиб расонд ва бақои қонунии онро эҳё намуд. Ин сарқонун дар соли 2010, вақте Янукович ба қудрат расид, бо талошҳои ӯ тағйир ёфта буд.

Тасвиби қарори озодии Юлия Тимошенко дар порлумон
Тасвиби қарори озодии Юлия Тимошенко дар порлумон
Порлумони Украина ҳамчунин қонуни афвро ба тавсиб расонд. Бино бар он ширкаткунандагони намоишҳои эътирозии се моҳи охир аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд. Он ҳамчунин барои озодии нахуствазири собиқи Украина Юлия Тимошенко раъй дод. Тимошенко яке аз рақибони асосии Янукович дар интихоботи соли 2010, баъд аз бохт ҳадафи таҳқиқи ҷиноӣ қарор гирифт ва барои созишномаи хариди нафт аз Русия ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Қарор аст, Тимошенко дар 10 рӯзи оянда озод шуда, парвандаи ҷиноии ӯ беэътибор дониста шавад.

Изҳороти Янукович пас аз гуфтушуниди ӯ бо мухолифон ва вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо мунташир шуд. Фиристодаи раисиҷумҳури Русия, Владимир Лукин низ дар гуфтушунидҳои Киев ширкат кардааст. Русия дар тамоми ин муддат аз ҳукумати Янукович ва Иттиҳоди Аврупову Иёлоти Муттаҳида аз мухолифони он ҳимоят кардаанд.

Яке аз фиристодагони Иттиҳоди Аврупо, вазири корҳои хориҷии Лаҳистон ё Полша Радослав Сикорскӣ рӯзи ҷумъа дар шабакаи Твиттер навишт, Украина як «лаҳзаи нозуке»-ро ба сар мебарад ва муросо акнун ба ин маънист, ки ҳамаи тарафҳо аз ончӣ мехоҳанд, камтар ба даст меоранд.

Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ҳолате мумкин аст, ки мухолифон аз ташаббусҳои президент пуштибонӣ накунанд. Вай пешгӯиҳои хатми низоъро бановақт номид. Аммо раванди рӯйдодҳо баёнгари инанд, ки мухолифон дар Украина пирӯзии нисбӣ ба даст оварданд.

Дар изҳороташ раисҷумҳури Украина ба мухолифон баъзе гузаштҳо кард, аммо талаби асосии онҳо, яъне истеъфои президентро нодида гирифт. Ҳамчунин рӯшан нест, порлумон нисбати президент Янукович чӣ чора ба миён мегузорад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа Верховная Рада вазири корҳои дохилии Украина Захарченкоро масъули тирборони тазоҳуркунандагон номид ва хостори барканории ӯ аз мақомаш шуд.

Дар ин байн ҳазорон нафар аз кормандони полис ва нерӯҳои зиддиошӯб майдони Истиқлоли Киевро тарк карданд. Аммо тазоҳуркунандагон боқӣ монданд ва интизоранд, ки қарорҳои баъдии тарафҳо чӣ хоҳад буд. Шабонгоҳ садҳо нафар дар ҷойҳое, ки норозиён аз тири сарбозон кушта шудаанд, шамъ рӯшан карданд ва хотираи онҳоро гиромӣ доштанд.

Дар баёнияи худ раисиҷумҳур Янукович хунрезиҳои ахирро “рӯзҳои фоҷиаангез” номид ва аз “ҳалокати одамон аз ҳарду тарафи сангар” изҳори таассуф кард.

Ҷараёни ҷаласаи порлумони Украина дар Майдон низ мустақиман пахш мешуд ва ҳозирон онро мешуниданд:

Вокуниши Майдон ба ҷаласаи порлумон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
XS
SM
MD
LG