Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда


Идораи обу ҳавошиносии Тоҷикистон аз вуқуи ҳавои номусоид дар рӯзҳои баъдӣ ҳушдор додааст.

Маҳмад Сафаров, раиси Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 21-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "пешгӯиҳо аз номусоид омадани ҳарорати ҳаво ба таърихи 23 ва 24 феврал ҳикоят дорад. Зеро тибқи ин пешгӯиҳо эҳтимол бориши борону барф дар водиҳо ва дар манотиқи кӯҳистон баҳман дар назар аст."

Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, дар шимоли кишвар, аксари ноҳияҳои вилояти Суғд бориши барф сурат хоҳад гирифт ва ҳарорати ҳаво дар ин минтқа шабона 5 то 10 дараҷа ва рӯзона аз 0 то 5 дараҷа сард хоҳад шуд.

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадов, ҳарорати ҳаво дар қисмати ноҳияҳои атрофи марказ ва вилояти Хатлон аз 0 то 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба гузориши идораи обу ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо афзоиши мизони об дар бархе аз рудхонаҳо, ба хусус дар руди Ёхсу - Қизилсу ва хатари фаромадани тарма дар гарданаи Ҳушёрӣ - Анзоб ва Шаҳристон, воқеъ дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад эҳтимол дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба чунин вазъи ҳаво, Идораи обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба тамоми вазорату идораҳо ва муассисот хабарнома фиристода ва аз аҳолӣ хостааст, то дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.

Дар авоили моҳи равон низ Тоҷикистон шоҳиди ноустуории боду ҳаво ва сардиву барфрезиҳои шадид шуда буд, ки бар асари он низоми равуо дар роҳҳои кишвар ба мушкил рӯбарӯ шуд. Сардии ҳаво ҳатто боиси тамдиди таълили зимистона дар мактабҳои ҳамагонии кишвар шуда буд.
XS
SM
MD
LG