Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатти сайри Киев- Душанбе-Киев


Ширкати ҳавопаймоии "Международные авиалинии Украины" дар авохири моҳи марти соли равон парвозҳои хати сайри Киев-Душанбе-Киевро шурӯъ хоҳад кард.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмиалии Душанбе рӯзи 20-уми феврал бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки 30-юми марти соли равон мутобиқи реҷаи тобистонаи парвозҳо хатсайри Киев-Душанбе-Киев фаъол хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Шодиев парвозҳо ҳафтае 2 маротиба рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе сурат мегиранд.

Вай афзуд, ки парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии "Международные авиалинии Украины" анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG