Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳои эҳтимолиро дар Ӯш боздошт кардаанд


Дар минтақаи Ӯши Қирғизистон ҳамаи 6 нафаре, ки гӯё узви як гурӯҳи террористӣ ба шумор мераванд, брздошт шудаанд. Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон рӯзи душанбе гуфт, ки баъзе аз аъзои ин гурӯҳ дар урдугоҳҳои созмонҳои террористии Сурия машқ дидаанд.

Бино ба хабари Кумитаи Амният, боздоштшудагон барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Ӯш омодагӣ мегирифтаанд. Бозрасони пулиси шаҳрии Ӯш барои ташкили гурӯҳҳои террористӣ, бо худ доштани силоҳи ғайриқонунӣ ва маводи мунфаҷира ва адабиёти тундгароӣ парванда боз карда буд.
XS
SM
MD
LG