Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алии Лориҷонӣ


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, ки ҳамакнунд дар шаҳри Теҳрон ба сар мебарад, бо раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон Алии Лориҷонӣ мулоқот намудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алии Лориҷонӣ, масоили ҳамкории дуҷониба миёни ин ду кишвари ҳамзабон баррасӣ шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров дар ин мулоқот роҷеъ ба саҳми Эрон дар бунёди иншооти гуногуни хурду бузург дар қаламрави Тоҷикистон мо ибрози назар намуда, бо дасти бародарони тоҷику эронӣ бунёд ёфтани нақби мошингарди «Истиқлол» ва сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»-ро гувоҳи рӯз аз рӯз густариш пайдо кардани робитаҳои байни Тоҷикистону Эрон ва ба сатҳи олии ҳамкорӣ расидани ин равобит арзёбӣ кардаст. Тоҷикистон ва Эрон иҷрои тарҳи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» -ро яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи энергетика ва робитаҳои иқтисодии ду кишвар медонанд.

Рӯзи 16 феврал ҳайати парлумонииТоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати ширкат дар кори иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки санаи 18-19-уми феврал дар Теҳрон баргузор мегардад, ба Эрон сафар намуд.
XS
SM
MD
LG