Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 11-уми феврал бо гузоришгари вижаи оид ба масъалаҳои шиканҷа, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намудааст.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов дар ҷараёни мулоқот масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иброз намудааст, ки Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба муқобилият бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсониро ба тасвиб расонида, пайваста дар амалӣ намудани он кӯшиш менамояд.
Хуан Мендез омодагии ин созмони байналмилалиро барои густариши ҳарчи бештари муносибот бо Тоҷикистон баён дошта, таъкид намудааст, ки ин ниҳод дар ин замина барои давлати Тоҷикистон тамоми кӯмакҳоро дареғ нахоҳад дошт.