Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маргталаб 5 нафарро дар Пешовар кушт


Маъмурони пулис дар Покистон мегӯянд, як бомбгузори маргталаб 5 нафарро дар шаҳри Пешовар кушт ва бештар аз 50 тани дигарро захмӣ кард. Бомбгузорӣ дар назди як меҳмонхона ва маҳалли сукунати шиъамазҳабон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомоти пулис, бомбгузори маргаталаб айни берун шудани зойирони шиамазҳаб аз масҷиде дар наздикии ин ҳамин меҳмонхона худро таркондааст. Як гурӯҳи нави тундравони исломӣ бо номи Мастгули бузург, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Толибони Покистон гуфтаанд, ки бомбгузорӣ кори дасти онҳо нест. Бомбгузорӣ дар Пешовар чанд соат баъд аз он сурат гирифт, ки музокирот миёни ҳукумат ва Толибони Покистон ба таъхир афтод. Қарор буд, ду тараф рӯзи сешанбе дар шаҳри Исломобод мулоқот кунанд, аммо ҳайати ҳукуматӣ ба маҳалли музокирот наомад ва баъдан гуфт, ки Толибон феҳрасти ҳайати музокиракунандаашонро ба онҳо пешниҳод накардаанд.
XS
SM
MD
LG