Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико интиқоли бахше аз пулҳои блокшуда ба Эронро таъйид кард


Вазорати молияи Амрико таъйид кард, ки 550 миллион доллар даромадҳои нафтии масдудшуда, ба Эрон интиқол ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", вазорати молияи Амрико рӯзи душанбе таъйид кард, ки бар пояи созиши ҳастаии ахир миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, раванди интиқоли маблағи ёдшуда аз 31-уми январ шурӯъ шудааст, аммо аз ифшои номи бонке, ки ин интиқолотро анҷом додааст, худдорӣ кард.

Бар асоси тавофуқи Женева, қарор аст тайи шаш моҳ Эрон битавонад дар ҳашт навбат ба 4,2 миллиард доллар аз дороиҳои нафтии масдудшудаи худ дар хориҷ аз кишвар, дастрасӣ дошта бошад. Ин ҳаҷм аз манобеи молии Эрон дар ҳар навбат дар ивази амали гом ба гоми он кишвар ба ваъдаҳои ҳастаии худ дар чаҳорчӯби созиши Женева, ба дасти Теҳрон хоҳад расид. Қисми дувуми ин маблағҳо дар ҳаҷми 450 миллион доллар аст.

Агарчи вазорати молияи Амрико аз ифшои номи бонке, ки масъулияти интиқоли пули Эронро бар ӯҳда гирифтааст, худдорӣ кард, аммо рӯзи шанбеи гузашта Аббос Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон ва аз музокиракунандагони ҳастаии ин кишвар эълом карда, ки нахустин бахши ин маблағҳо дар ҳаҷми 550 миллион доллар ба ҳисоби Эрон дар як бонк дар Шведсария интиқол ёфтааст. Вай гуфтабуд, ки амалиёти бонкӣ аз рӯзи душанбе оғоз хоҳад шуд.

Шабакаи хабарии Эрон рӯзи душанбе аз манбаи огоҳ, ки номе аз вай набурд, нақл кардааст, ки маблағи ёдшуда ба ҳисоби Бонки марказии Эрон дар Шведсария интиқол ёфтааст. Муҳаммадбоқир Навбахт, сухангӯи Ҳасани Рӯҳонӣ низ рӯзи душанбе интиқоли маблағи ёдшуда ба ҳисоби Эронро таъйид кард ва гуфт, ки бахше аз ин пул ҷиҳати қарзҳои Эрон ба созмонҳои байналмилалӣ ё квотаи донишҷӯёни эронии хориҷ аз кишвар, истифода мешавад.

Як сухангӯи вазорати молияи Амрико ба "Ройтерз" гуфтааст, ки ҳеҷ бонки амрикоӣ дар интиқоли ин маблағ нақш надоштааст, аммо худи давлати Амрико шароитеро барои кӯмак ба интиқоли он, муҳайё кардааст. Ахиран Кохи Сафед ҳамаи дороиҳои масдудшудаи Эрон дар хориҷро 100 миллиард доллар унвон карда буд.
XS
SM
MD
LG