Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саду сенздаҳ корхонаи Тоҷикистон аз кор монд


Тибқи гузориши вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар як соли ахир дар қаламрави кишвар 113 корхонаи саноатӣ аз фаъолият мондааст. Шавкат Бобоев, вазири саноат ва технологияҳои нав рӯзи ҷумъаи 31-ум январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли гузашта 113 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои мухталиф аз фаъолият мондаанд.Вай мушкилоти молӣ, муфлисшавӣ, тағйир додани самти фаъолият ва ғайраро аз сабабҳои аз кор мондани ин корхонаҳои саноатӣ унвон кард. Аммо ҳамзамон вазири саноат ва технологияҳои нав иттилоъ дод, ки дар соли 2013 322 корхонаи нави саноатӣ бо 9632 ҷойи корӣ ба кор дароварда шуд. Тибқи маълумоти ӯ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол афзоиш ёфта, дар соли 2013 ба андозаи 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷ фурӯхта шудааст.
XS
SM
MD
LG