Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Барқи тоҷик» 54 миллиони Сангтӯда-1-ро пас додааст


Ширкати «Барқи тоҷик» бо шуруи марҳилаи бозгардонии нархи "Сангтӯда-1" шуруръ аз нимаи соли гузашта то кунун беш аз 50 миллион сомонӣ қарзи худро пӯшиш додааст. Виктория Наумова, сухангӯи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рӯзи 27-уми декабр дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар нишасти Кумиссиюни байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта сафири Русия дар робита ба ин масъала гузориш дод ва гуфтааст, ширкати «Барқи Тоҷик» марҳила ба марҳила қарзи худро бармегардонад ва то ҳол 50 миллион сомонӣ қарзи худро пoшиш додааст. Хонум Наумова афзуд, ки ҳаҷми қарздории ширкати «Барқи тоҷик» ба беш аз 427 миллион сомонӣ расида буд, акнун ба 373,1 миллион сомонӣ поин омадааст. Қарзи «Барқи тоҷик» ҳамчун харидори ягонаи барқи "Сангтӯда-1" то 1-уми октябри соли 2013 ба 404,3 миллион сомонӣ ё муодили 81,4 миллион доллари ИМА баробар буд, аммо сарфи назар аз пардохти 10 миллион сомонӣ дар моҳ ҳаҷми қарзи он боз беш аз 20 миллиони сомонии дигар афзудааст. Ахиран Павел Лавров, мудири кулли нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар як баёнияи худ гуфтааст, ки маблағи «Барқи тоҷик», ки ҳар моҳ 10 милион сомонӣ интиқол медиҳад, иқдоми нек аст, вале барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои нерӯгоҳ кофӣ нест. 25 дарсади саҳмияҳои нирӯгоҳи «Сангтӯда -1» ба Тоҷикистон ва боқимонда ба Русия тааллуқ доранд.
XS
SM
MD
LG