Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори Маскав тоҷикон осеб надидаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар сӯхтори шаби 27-уми январ дар маркази Маскав шаҳрвандони Тоҷикитосн осеб надидаанд. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 27-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки масъулони сафорат ба ҷойи ҳодиса рафтаанд ва мақомоти Маскав вуҷуди шаҳрвандони хориҷӣ, хусусан тоҷиконро дар оташсӯзӣ рад кардаанд. Шаби 27-уми январ дар маҳаллаи Съезжинскии Маскав сӯхтор ба амал омада аст. Кормандони сӯхторнишонӣ баъд аз хомӯш кардани сӯхтор аз ҷойи ҳодиса ҷасади 4 нафарро пайдо кардаанд. Мақомоти Маскав гуфтаанд, ки ҳамагӣ сокинони бумиянд. Мақомоти ин кишвар, аз рӯи тафтишоти пешакӣ маълум кардааст, ки ин чор нафар қабл аз сӯхтор кушта шудааст ва ҷинояткорон барои махфӣ мондани ҷиноят ҷойи ҳодисаро оташ задаанд. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG