Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди генерали амрикоӣ аз Тоҷикистон


Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ иттилоъ дод, ки Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майори Артиши ИМА Микаел К.Нагата бо мақсади баррасии ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният дар минтиқа, ба хусус Афғонистон, ба Душанбе ташриф овард. Дафтари матбуоти сафорати мегӯяд, ки ҳангоми сафари хеш генерал Нагата бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва бо намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи низомӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон, минҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказӣ бо қувваҳои махсуси Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG