Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев мухолифатҳо идома дорад


Дар шаҳри Киев мухолифат миёни эътирозгарон ва кормандони интизомӣ идома дорад. Шаби гузашта сарбозони воҳиди вижаи низомии “Беркут” талош карданд дар хиёбони Грушевский саддҳои гузоштаи мухолифонро бардоранд, вале ақибнишинӣ карданд.

Пулис аз аслиҳаи травматикӣ, гази ашковар ва норинҷакҳои гӯшкаркунанда истифода мекунад. Эътирозгарон ба сӯи пулис шишаҳои дорои маводи сӯхт ҳаво медиҳанд.

Задухурди миёни нируҳои интизомӣ бо эътирозгарон дар маркази шаҳр замоне оғоз гардид, ки мухолифон 19 январ бар зидди қонун дар бораи маҳдудияти ҳамоишҳо ба эътироз баромаданд. Дар натиҷаи бархурдҳо аз ҳар ду тараф бештар аз 200 нафар осеби ҷисмонӣ бардоштанд. Дар миёни онҳо 29 нафар кормандони матбуот низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG