Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозири барқро бо гумони азхудкунии маблағ дастгир кардаанд


Мақомоти корҳои дохилӣ хабар дод, ки як корманди нозири барқро бо гумони аз худ кардани маблағи ҳаққи барқ аз сокинон, дастгир кардаанд.

Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 20-уми январ хабар доданд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Камолхуҷа Хоҷаеви 34-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони ғайриқонунӣ азхудкунии маблағҳои пулӣ дастгир намуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ Хоҷаев ҳангоми ба ҳайси назоратчии барқи ноҳияи Ғафуров кор кардан аз 10-уми феврал то 31-уми октябри соли 2012 дар минтақаи вобасташудааш аз 620 нафар муштариён ба миқдори 49101-сомонӣ маблағи пулии истифодаи барқро ҷамъ намудааст. Аз ин миқдор 44883-сомониро ба хазинаи шӯъбаи фурӯши барқи ноҳия супорида, боқимонда 4218-сомониашро ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса давом дорад.
XS
SM
MD
LG