Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори хадамот дар бораи «хонаҳои резинӣ»-и Русия


Хадамоти муҳоҷири Тоҷикистон дар робита ба мавриди амал қарор гирифтани қонун дар бораи "хонаҳои резинӣ" дар қаламрави Русия, ба муҳоҷирон ҳушдор додааст, ки қонунҳои ин кишварро риоя кунанд, то дучори мушкилӣ нашаванд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ин ҳушдор ба он хотир аст, ки раёсати бақайдгирии шиносномаҳои Хадамоти муҳоҷирати Русия имрӯз санҷиши «хонаҳои резинӣ»-ро оғоз кардидааст. Мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия онҳоеро, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ё худ муҳоҷирони корӣ сабти номи сохта ва ё санади нодуруст таҳия намудаанд, бо такя ба қонуни «хонаҳои резинӣ», ба ҷазо хоҳанд кашид.

Дар ҳушдори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон омадааст, ки ҷазо барои шаҳрванди Русия ва шаҳрвандони хориҷӣ новобаста аз маҳаллӣ зист дар ҳаҷми 100 ҳазор то 500 ҳазор рубл ҷарима муқаррар шуда ва ё ба мӯҳлати на камтар аз 3 сол аз озодӣ маҳрум намудан пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин қонуни мазкур афродеро, ки шароити будубош дар Русияро нақз намуда, дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунанд ва марзи ин кишварро убур мекунанд, ҷарима дар ҳаҷми 2000 - 3000, рубл ва барои шаҳрвандони Русия ё худ соҳибони манзил ҷарима дар ҳаҷми 2000 - 5000 рубл муқарар карда шудааст.

Тавре Абдулло Қодирӣ гуфт, Хадамоти муҳоҷират бахусус ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Маскаву Санкт-Петербург ва манотиқи дигари Русия бештар кору фаъолият мекунанд ҳушдор медиҳад, ки дар баробари тартибу талаби қонуни «хонаҳои резинӣ» ҷиддитар бошанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки пеш аз ба қайд гузоштан дар «хонаҳои резинӣ», аз шӯъбаҳои бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати Русия маълумоти заруриро касб намуда, баъдан худро дар қайд гузоранд ва аз миёнаравҳо ва қаллобоне, ки бо корҳои сиёҳ ва ғайри расмӣ машғуланд, дурӣ ҷӯянд.

Дар ҳамин ҳол як муҳоҷири тоҷик аз Русия ба радиои Озодӣ бо ирсоли як нома хоҳиш кардааст, ки дар бораи убуру мурури муҳоҷирон ба Русия маълумот дода шавад: «Ман дар Москав кор мекунам ва мегӯянд, ки оз 1-уми январи соли 2014 қонуни нав баромадааст, ки агар яксол истода бошӣ бояд рафта се моҳ дар Тоҷикистон биистӣ , баъди се моҳ метавони баргардӣ. Оё ин рост аст ба ман камтар маълумот медодед.»

Дар посух ба ин пурсиши муҳоҷири тоҷик, масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, ки мувофиқи тағйироти нав дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират, ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор гирифтааст, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бетабаа дар давоми будубоши қаблиаш дар Русия мӯҳлати 90 рӯзро дар давоми ҳар як давра ба мўҳлати 180 рӯз гузаронидааст, воридоти навбатии ӯ ба мӯҳлати се сол баста мешавад. Яъне, шаҳрванди хориҷие, ки ба Русия бе раводид дохил мешавад, дар давоми се моҳ фаъолияти меҳнатиашро бояд қонунӣ кунад, вагарна баъди ҳар се моҳ сарҳади Русияро убур карда боз аз нав будубошро қонунӣ намудан, дигар муяссар намешавад.

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти муҳоҷират маъмулан қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон баъди ворид шудан ба қаламрави Русия дар давоми се моҳи аввали будубош ва то пайдо кардани ҷойи кори муносиб агар патент ё иҷозатномаи корӣ ба расмият дароварда наметавонистанд, дубора бо роҳи убур кардани сарҳади давлатии Русия бо Украина, Абхазистон, Қазоқистон ва ғайра фаъолияташонро қонунӣ мекарданд. Аммо баъди амалӣ гаштани ин тағйирот, аз 1 январи соли 2014 чунин амалиёт имконнопазир мегардад.

Дар робита ба тағйироти мазкур дар қонунгузории Русия бо мақсади пешгирӣ намудани мушкилоту норӯшаниҳо, намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз кулли муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия муваққатан кору фаъолият доранд, даъват каРдааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ убури сарҳади давлатии Русия бо кишвари сеюм анҷом надиҳанд. Ин ҳолат, агар шаҳрванд дар давоми се моҳи аввали будубош дар қаламрави Русия ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти корияшро (иҷозатномаи кор ё ки патент) ба расмият надароварда бошад, ворид шуданаш ба ҳудуди Русия дар давоми 90 рӯзи баъди имконнопазир мегардад.
XS
SM
MD
LG