Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳҳои мухолифи Асад бо ҳам созиш намекунанд


Гурӯҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом”, ки алайҳи режими Башор Асад меҷангад, барои зарбаи ҷонкоҳ задан ба гурӯҳи дигари мухолифини ҳукумати Димишқ даъват кард. Изҳороти ин гурӯҳ чанд соат баъд аз даъвати гурӯҳи “Ҷабҳаи Ан-Нусра” барои қатъи душманӣ миёни гурӯҳҳои мухолифи режими Башор Асад садо дод.

Рӯзҳои ахир рақобат ва муқовимати мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Димишқ афзоиш ёфтааст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, дар набардҳои миёни онҳо беш аз 270 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе, бори аввал интиқоли мавод барои силоҳи кимиёвӣ аз Сурия шурӯъ шуд. Қарор аст, ки захираи кимиёвии таҳти назорати ҳукумати Башор Асад, аз байн бурда шавад. Контейнерҳо бо маводи кимиёвӣ ба як киштии мутааллиқ ба Дания бор карда, ба минтақаи барои нобудсозӣ тайингардида фиристода шуданд.
XS
SM
MD
LG