Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҷон Керри дар Ховари Миёна идома дорад


Сафари Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико, дар Ховари Миёна рӯзи ҷумъа идома кард. Қарор аст, ӯ бо Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён, дар шаҳри Ромуллоҳ масъалаи музокироти сулҳ бо Исроилро баррасӣ кунад. Дар остонаи сафари Ҷон Керри, Маҳмуд Аббос, гуфт, эълони Исроил барои бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар сарзаминҳои ишғолӣ, нишон медиҳад, ки Тел Авив, ба музокироти сулҳ содиқ нест. Рӯзи панҷшанбе Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил айни чизро дар ҳаққи Маҳмуд Аббос гуфт. Ӯ қабл аз мулоқот бо Ҷон Керри, раҳбари фаластиниёнро барои он интиқод кард, ки гурӯҳи маҳбусони озодшудаи фаластиниро ба ҳайси қаҳрамон пешвоз гирифтааст. Аксари ин афродро бо гуноҳи қатли исроилиҳо зиндонӣ карда буданд. Ҷон Керри гуфтааст, ки барои иҷрои созиши сулҳ, Исроилу фаластиниён бояд, қарорҳои бисёр сахте қабул кунанд.
XS
SM
MD
LG