Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Бейрут 5 кас ҷон бохт


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар Бейрут, пойтахти Лубнон, дасти кам панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора хабаргузории Ройтерс бо такя ба шоҳидон хабар дод. Таркиш дар ҷануби шаҳр, дар минтақае рӯй дод, ки он ҷо ситоди гурӯҳи ифротгарои “Ҳизбуллоҳ” ҷойгир аст.

Чанд рӯз пеш бар асари таркиши мудҳиш дар Бейрут Муҳаммад Шаттаҳ, сиёсатмадори маъруфи суннимазҳаб ва яке аз ҳаммаслакони нахуствазири пешин Саъд Ҳарирӣ ва шаш нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Муқовимат миёни сунниҳову шиаҳо дар Лубнон баъд аз он густариш ёфт, ки гурӯҳи шиаи “Ҳизбуллоҳ” мусаллаҳони худро барои ҷанг аз тарафи ҳукумати Башор Асад фиристод. Башор Асад пайрави алавӣ, як шохаи мазҳаби шиа аст.
XS
SM
MD
LG