Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи мурофиаи додгоҳии Мурсӣ мушаххас шуд


Мурофиаи додгоҳи аз рӯи парвандаи сеюми раисиҷумҳукри барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ рӯзи 28 январ шурӯъ мешавад.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе додгоҳи таҷдиди назари Қоҳира хабар дод. Аз рӯи ин парвандаи Мурсӣ дар ташкили фирор аз маҳбас бо кӯмаки ҷангиёни хориҷӣ айбдор мешавад.28 январи соли 2011 Муҳаммад Мурсӣ ҳамроҳ бо дигар раҳбарони “Ихвон-ул-Муслимин” аз маҳбас фирор кард. Баъд аз якуним сол ӯ дар нахустин интихоботи демократии Миср пирӯз шуд.

Алайҳи Мурсӣ 3 парванда, аз ҷумла, даст доштан дар куштори эътирозгарон боз шудаст, ки аз рӯи он ба раҳбари пешини кишвар ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Бар пояи як хабари дигар аз Миср, дар шаҳри Искандария бар асари бархӯрди ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин” ва кормандони полис дасти кам ду нафар ба ҳалокат расиданд. Вазорати умури дохилии кишвар хабар дод, ки бенизомиҳо дар ин шаҳр шоми чаҳоршанбе шурӯъ шуданд. Аз ин пеш полис алайҳи мӯътаризон дар канори бинои вазорати дифоъ дар шаҳри Қоҳира аз гази ашковар ва обпошҳо истифода бурд. Эътирозгарон яке аз шоҳроҳҳоро баста, алайҳи полис ва артиш шиор меандохтанд.

Авзоъ дар Миср баъд аз барканории Мурсӣ аз сӯи низомиён дар моҳи июл ноором шуд. То имрӯз бар асари бархӯрди ҷонибдорон ва мухолифини раҳбари пешини кишвар садҳо нафар ба ҳалокат расида, ҳазорҳо каси дигар боздошт ё зиндонӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG