Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 16 маст дар шаби Соли нав


Дар як шабонарӯзи таҷлили Соли нав 16 нафарро кормандони ҳифзи тартибот бо сабаби мадҳушӣ ба ҳушёрхона овардаанд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 2-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 16 нафар танҳо ба ҳушёрхонаи шаҳри Душанбе оварда шудааст ва ҳамагӣ аз нӯшокии спиртӣ сархуш будаанд. Аммо дар дигар шаҳру ноҳияҳо чанд нафарро дар шаби Соли нав ба ҳушёрхонаҳо овардаанд омори дақиқ нест. Ба гуфтаи Ҷалолиддин Садриддинов дар рӯзҳои маъмулӣ ин шумора як маротиба кам буда, дар як шабонарӯз 6-8 мадҳушро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳушёрхона меоранд. Масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд шаробхораҳоро баъд аз ба ҳушёрхона овардан то ба ҳуш омадан нигоҳ медоранд. Аммо нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ андешида намешавад.
XS
SM
MD
LG