Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Волгоград 15 нафар кушта шудаанд


Вокзали Волгоград
Вокзали Волгоград
Сергей Баженов-раиси вилояти Волгоград ба матбуот хабар додааст, ки дар таркиши возали ин шаҳр 15 нафар кушта 37 нафари дигар захмӣ шудаанд. Пештар хабар дода мешуд, ки шумораи кушташудагон 18 нафар ва афроди захмӣ 40 нафар аст.

Ин инфиҷор рӯзи якшанбе рух додааст. Вазорати корҳои дохилаи Русия шумораи кушташудагонро дар оғоз 13 нафар эълон карда буд. Дар бораи ҳуввияти кушташудагон маълумот дода нашудааст.

Владимир Маркин-намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия изҳор дошт, ки ин ҳамларо ба эҳтимоли зиёд маргталабе анҷом додааст. Бино ба хабари манобеи расмӣ, таркиш дар назди дари даромади вокзал рух додааст.

Дар охири моҳи октяб низ як маргталаб дар автобусе дар ин шаҳр бамеро тарконда буд. Он вақт 6 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG