Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргириҳои Миср 4 нафар кушта шудаанд


Дар даргириҳои миёни пулис ва ҷонибдорони гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар Миср дастикам 4 нафар кушта шудаанд. Даргириҳои рӯзи ҷумъа дар ҳоле рух дод, ки низомиён Ихвонулмуслиминро ба таври расмӣ созмони террористӣ эълон карданд. Низомиён аз давлати кунунӣ ҳимоят мекунанд.

Ба ҷуз аз куштори ин 4 нафар вазорати беҳдошти Миср гуфтааст, ки 87 нафар дар даргириҳои Қоҳира ва шаҳрҳои дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати корҳои дохила эълон кардааст, ки 265 нафар, аз ҷумла занон боздошт шудаанд. Мақомоти расмии Миср баъд аз бамгузории интиҳории рӯзи сешанбе гурӯҳи Ихвонулмуслиминро ба феҳристи созмонҳои террористӣ дохил карданд. Дар ин бамгузорӣ 16 нафар ба қатл расиданд. Аммо Ихвонулмуслимин иддао мекунад, ки дар ин бамгузорӣ даст надорад.
XS
SM
MD
LG