Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон 10 вазири худро барои ришвахорӣ иваз кард


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия баъд аз истеъфои се вазири калидӣ барои моҷароҳои ришвахорӣ дар таркиби аъзои кобинаи худ тағирот овард. Вай рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи паси дарҳои бастаи кобина, ки Абдулло Гул-раиси ҷумҳур ширкат дошт, даҳ вазири навро эълон кард.

Пештар аз он вазири иқтисод, вазири корҳои дохила ва вазири муҳити зист истеъфои худро эълон карданд. Писарони ин се вазир дар ҷараёни расидагиҳо ба ришвахории густарда боздошт шуда буданд.

Реҷеп Тайип Эрдуғон ҳамчунин вазири ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи Аврупоро, ки дар моҷаро даст дошт, иваз кард. Нахуствазир гуфт, ки иттиҳомот бепоя аст, вале Эрдуғон Байрактар-вазири пешини муҳити зист даъват кард, ки худи нахуствазир низ бояд итстеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG