Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни роҳбаладон барои мавсими Ҳаҷ-2014 эълон шуд


Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон имрӯз бо пахши як эълон озмуни роҳбаладонро оғоз кард. Дафтари матбуоти Кумитаи дин рӯзи 25-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки барои интихоби роҳбаладон дар мавсими Ҳаҷҷ -2014 талаботи озмуни сартосариро имрӯз интишор додаанд. Мувофиқи чаҳорчӯби озмуни Ҳаҷҷ-2014, ҳар як довталаб аз пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин озмунро дорад, метавонад ҳуҷҷатҳои худро ба Кумитаи дин пешниҳод намояд. Тавре Дафтари матбуоти кумитаи дин мегӯяд, довталабон аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои ширкат дар озмун ба мақомоти вилоятии худ пешкаш кунанд. Яке аз талаботи озмун, донистани забони арабӣ буда ва шахси довталаб ақалан як маротиба сафари ҳаҷ карда бошад. Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон расо як моҳро дар бар гирифта, шурӯъ аз 25-уми декабри соли 2013 то 20-уми январи соли 2014 идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG