Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ожонсии беҳдошти замин ва обёрӣ 2 819 00 сомонӣ зарари молӣ расондааст


Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар фаъолияти Ожонсии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати кишвар 2 миллиону 819 ҳазор сомонӣ зарари молиро ошкор кардааст.

Дилмурод Давлатов, раҳбари палатаи ҳисоби Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр зимни муҳокимаи ошкорои парлумонӣ, гуфт, санҷиши онҳо нишон додааст, ки ожонсии мазкур ба изофанвисӣ ва истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои буҷа роҳ додааст. Ин масъул мегӯяд, санҷиши мазкур бо ҳадафи муайн кардани ҳолати хароҷоти маблағҳои ҷудогардида барои сохтмони асосӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвестисионӣ дар ин ожонсӣ анҷом шудааст.

Ҷаноби Давлатов ҳамчунин гуфт, дар давоми як соли ахир дар фаъолияти ин ожонсӣ аз тарафи санҷишгарон ба маблағи беш аз 258 ҳазор сомонӣ изофанавсӣ мушаххас карда шудааст.

Истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои давлатӣ ва сармоягузоришуда дар ҳолест, ки Саиди Ёқубзод , вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар Тоҷикистон фарогири мушкилоти зиёдест, ки дар рушди ин соҳа монеъа ҷиддӣ гузоштааст.

Ба гуфтаи ин вакил, бо вуҷуди он, ки ҳамасола ҳолатаи обёрии аз 8 то 10 ҳазор гектар заминҳо беҳ карда мешавад, аммо баръакас тамоюли зиёдшавии заминҳои корношоям ба мушоҳида мерасад.

Ҷаноби Ёқубзод дар идомаи сӯҳбаташ 80 дасради пойгоҳҳои обкаширо ғайри қобили қабул арзёбӣ кард. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин вакил ҳамасола ин пойгоҳҳо пурра таъмир карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG