Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдвард Сноуден зиндагии "зоҳидонае" доштааст


Эдвард Сноуден, корманди собиқи Хадамоти Амнияти Миллии Амрико, мегӯяд, ки “маъмурияташро анҷом дод”, зеро Амрикоро маҷбур кард, ки сиёсатҳои ҷосусиашро бознигарӣ диҳад. Дар мусоҳибаи ихтисосие бо рӯзномаи “Вашингтон Пост”, ки рӯзи душанбе нашр шуд, Эдвард Сноуден гуфтааст, барои он асрори Хадамоти Амнияти Миллии Амрикоро нашр кард, ки мардуми Амрико “ҳарфи онҳо дар идораи ҳукумат” нақш дошта бошад. Мусоҳиба бо Сноуден дар шаҳри Маскав сурат гирифтааст, ки онҷо ҳаққи яксолаи паноҳандагӣ гирифтааст. Маъмури собиқи амниятии Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки зиндагии “зоҳидона” дорад ва аксарияти вақташро дар Интернет ва бо хӯрдани макаронҳои чинӣ ва чипс мегузаронад. Ӯ афзудааст, ки бо ҳукумати Русия ҳеҷ ҳамкорие надорад ва бо он созише набастааст.
XS
SM
MD
LG