Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Евромайдони Киев ҳазорон нафар гирдиҳам омадаанд


Рӯзи душанбе чандин ҳазор нафар эътирозгарон ба майдони марказии Истиқлоли Кеив баромаданд. Тазоҳуроти иэътирозии онҳо барои ҳамгароӣ бо Аврупо бештар аз як моҳ идома дорад. Бино ба гузориши хабаргузориҳои Украина, шаби гузашта дар Евромайдон вазъ ором будааст.

Дар ҳамоиши панҷуми умумӣ, ки бештар аз сад ҳазор нафар дар он ширкат доштанд, раҳбарони мухолифон эълон карданд, ки иттиҳоди мардумии “Майдон” ташкил мекунанд ва ҳадафи онҳо на танҳо тағири ҳукумат, балки тағири низоми давлатӣ мебошад.

Ба ҳайати Шӯрои мардумӣ шахсиятҳои иҷтимоӣ, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони мухолиф даромадаанд. Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин низ дар ин ҳайат ҳаст. Яке аз ҳадафҳои иттиҳоди “Майдон” пешбарии номзаде ба мақоми раёсати ҷумҳурист, ки мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кунад.
XS
SM
MD
LG