Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алёхина-ҳунарманди Пусси Райоти Русия аз зиндон раҳо шуд


Мария Алёхина
Мария Алёхина
Мария Алёхина-ҳунарманди гурӯҳи Пусси Райоти Русия мавриди афв қарор гирифт ва аз зиндоне дар Нижний Новгород раҳо шуд. Пётр Заикин-вакили мудофеи вай гуфт, ки шояд Алёхина муддате дар Нижний Новгород бимонад, зеро вай баъзе мулоқотҳо ба нақша гирифтааст ва мулоқот бо Кумитаи зидди шиканҷа яке аз онҳост.

Бино ба хабарҳо, мумкин аст имрӯз Надежда Толоконникова-яке дигар аз аъзои гурӯҳи Пусси Райот низ аз зиндон раҳо шавад. Раҳоии вайро хешовандон ва вакили мудофеаш аз як ҳафта ба ин сӯ интизоранд. Пётр Верзилов-шавҳари Толоконникова ба шаҳри Красноярск омадааст. Толоконникова дар бемористони ин шаҳр муолиҷа мегирад.

Ҳафтаи гузашта Думаи Давлатии Русия тасмим гирифт, ки Алёхина ва Толоконникова афв ва аз зиндон раҳо шаванд. Қабл аз афви кунунӣ қарор буд, ки ин ду ҳунарманд моҳи март баъд аз ду соли ҳабс аз зиндон раҳо шаванд. Онҳо барои “авбошӣ” дар калисои Ортодокси Маскав муттаҳам дониста шуда буданд.
XS
SM
MD
LG